Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Чин гирифторӣ ба коронавирус рекордӣ шуд

Чин барои ҷилавгӣ аз паҳншавии коронавирус шадидтарин чораҳоро рӯи даст гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Мақомоти Чин дар як шабонарӯз 23 107 ҳолати сирояти коронавирусро муайян кардаанд. Рӯзи чоршанбе 20,614 ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шуд.
Шумори онҳое, ки дар 24 соати охир ба коронавирус мубтало шудаанд, 1323 нафар гуфта мешавад ва дар онҳо алоиме аз COVID-19, ба мисли табларза, сулфа ва бемадорӣ мушоҳида шудааст. Аз ин шумор 39 нафар аз хориҷи Чин ба ин кишвар омадаанд ва боқимонда дар худи он кишвар будаанд.
Вақтҳои охир дар мамлакат вазъияти эпидемиологӣ хеле мураккаб гардид. Танҳо дар моҳи гузашта ҳолатҳои сирояти коронавирус дар 29 аз 31 воҳиди маъмурии Чин ба қайд гирифта шуд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Шанхай бинобар авҷи коронавирус баста шуд
Чин дар ҳоли ҳозир яке аз кишварҳои камшумор дар ҷаҳон боқӣ мемонад, ки сиёсати "таҳаммулнопазирии сифр" ба COVID-19 дорад. Ин маънои чораҳои қатъӣ барои маҳдуд кардани паҳншавии коронавирус, аз ҷумла карантини ҳатмӣ барои тамос бо шахсони сироятшударо дорад.
Дар тӯли тамоми давраи пандемия дар Чин 160,1 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шудааст, ки аз ин миён 4638 бемор фавтидаанд.
Қаблан Созмони Ҷаҳони Беҳдошт аз афзоиши фавт аз коронавирус бо коҳиши теъдоди умумии бемориҳо хабар дода буд.