ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Артиши Русия ҳама корро мекунад, то дар ҷараёни амалиёти вижа дар Украина аз талафоти ғайринизомӣ ҷилавгирӣ кунад. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова зимни брифинг изҳор дошт.
"Артиши Русия ҳама корҳоро мекунад, то аз талафоти ҷонӣ дар миёни сокинони маҳаллӣ ҷилавгирӣ шавад",- гуфт ӯ.
Захарова ёдовар шуд, ки артиши Русия ғайринизомиёнро ҳадаф қарор намедиҳад. Ҳамчунин ҷониби Русия ҳамарӯза долонҳои башардӯстонаро ҳамоҳанг ва боз мекунад, то мардуми осоишта аз манотиқи хатарнок берун шаванд.
Рӯзи 5 апрел нерӯҳои мусаллаҳи Русия 18 654 нафарро аз минтақаҳои хатарноки Украина, ҶМЛ ва ҶМД ба Русия кӯч доданд, ки 2837 нафарашон кӯдакон мебошанд ва дар маҷмуъ 620 760 нафар аллакай кӯчонида шудаанд.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунии Украина" анҷом шуда, ҳама масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Беларус оғоз шуд. Ҷонибҳо се вохӯрии рӯ ба рӯ баргузор намуда, баъдан мулоқотҳо ба таври онлайнӣ идома ёфтанд.
Вохӯрии охирини рӯ ба рӯи ҳайатҳо 29 март дар Истанбул баргузор шуд. То ҳол ҷонибҳо натавонистанд ба пешрафте ноил шаванд.