ВКД аз садамаи маргбор дар Данғара ва қаллобии як мард дар Хуҷанд гузориш дод

ВКД аз бархӯрди ду автомашина дар роҳи мошингарди ноҳияи Данғара хабар дод, ки пай дар талафоти ҷонӣ доштааст. Ҳамчунин аз фиребгарии як марди 48-сола дар Хуҷанд низ гузориш шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар роҳи ноҳияи Данғара садамаи маргбори нақлиётӣ рух додаст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи 34-солаи автомашинаи боркаши тамғаи "Мерседес-Бенс-911" дар роҳи мошингари ноҳияи Ҳисор аз уҳдаи идора кардани мошин набаромадааст.
Дар натиҷа ӯ ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-9060К”, таҳти идораи ронандаи 49-сола, сокини ноҳияи Фархор бархӯрдааст.
Садамаи маргбор дар масири “Душанбе - Хуҷанд”: ноболиғи 17-cола ҳалок шуд
Манбаъ меафзояд, зимни бархӯрди мошинҳо ронандаи 34-сола, сокини ноҳияи Ҳисор аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Зимнан ВКД Тоҷикистон аз як ҳодисаи қаллобӣ дар шаҳри Хуҷанд гузориш додааст. Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳодисаи фиребгарӣ ҳанӯз шаш сол қабл сурат гирифтааст ва дар ин кор сокини 48-солаи шаҳри Хуҷанд даст доштааст.

Номбурда бо роҳи фиреб аз сокини 63-солаи шаҳри мазкур барои тиҷорат панҷ ҳазор доллар гирифта, бо гузашти ин қадар вақт маблағашро барнагардондааст", - омадааст дар хабари манбаъ.

Дар ҳамин ҳол нисбати марди муттаҳам, тибқи моддаи 247, қисми 4, Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
ВКД Тоҷикистон меафзояд, феълан аз рӯи ин ду ҳодиса тафтишот идома дорад.