Тирпаронӣ дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон ду кушта бар ҷой гузошт

Қочоқбарон аз Қирғизистон талош кардаанд, ба маблағи 20 ҳазор доллар ба қаламрави кишвари ҳамсоя бор интиқол диҳанд. Марзбонон ҳангоми задухӯрд бо қочоқбарон аз силоҳ истифода кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Марзбонони ӯзбек қочоқчиён аз Қирғизистонро ба ҳалокат расонданд. Ҳодиса дар деҳаи Дейреси ноҳияи Оқсойи вилояти Ҷалолобод рух додааст.
Шаҳрвандони Қирғизистон талош кардаанд, ки ба таври ғайриқонунӣ бори беш аз 20-ҳазордоллариро ба кишвари ҳамсоя интиқол диҳанд.
Хизматчиёни ҳарбӣ қонуншиканонро 500 метр дуртар аз хатти сарҳади давлатӣ, дар қаламрави Ӯзбекистон пайдо кардаанд.
Шаҳрвандон амри онҳоро дар ҷиҳати қатъи идомаи ҳаракат нодида гирифта, ҳангоми боздошт задухӯрд кардаанд, хабар медиҳад "Podrobno.uz" бо истинод ба хадамоти марзбонии Қирғизистон.

"Марзбонони Ӯзбекистон барои наҷоти ҳаёт ва саломатии худ аз силоҳ истифода кардаанд, ки дар натиҷа ду шаҳрванд захм бардоштаанд", - гуфтанд дар хадамоти марзбонӣ.

Манбаъ қайд карда, ки бақияи ҷинояткорон тавонистаанд фирор карда, дар қаламрави Қирғизистон паноҳ баранд.
Баъдтар маълум шуд, ки шаҳрвандони кушташуда зодаи Ӯзбекистон буда, соли 2012 шаҳрвандии Қирғизистонро гирифтаанд.
Дар баробари ин онҳо шиносномаи кишвари зодгоҳашонро низ доштанд.
Қоидаҳои нави вуруд ба Қирғизистон барои шаҳрвандони хориҷӣ расмӣ шуд
Манбаъ афзуда, ки як рӯз пеш намояндагони хадамоти марзбонии ҳар ду кишвар барои омӯзиши вазъи он ба маҳалли ҳодиса рафтаанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки тафтиш анҷом диҳанд.
Қобили зикр аст, убури ғайриқонунӣ аз марзи Ӯзбекистону Қирғизистон бори аввал нест, мунҷар ба истифодаи силоҳ мегардад. Ҳамин тариқ моҳи ноябри соли 2021 сарҳадбонон ба хотири ҷилавгирӣ аз интиқоли ғайриқонунии чорвои хурд ба қаламрави Ӯзбекистон ба ҳаво тир холӣ карда буданд.