ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки як ҳайати бахши иқтисоди Тоҷикистон иборат аз роҳбарияти “Ориёнбонк”, “Тавҳидбонк” ва Ширкати ҳавопаймоии "Сомон эйр” бо мақсади рушду таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои иқтисодиву тиҷоратияшон бо ширкатҳои бонуфузи аврупоӣ ба Олмон сафар кардааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ин сафар бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Олмон роҳандозӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ бо мудири кулли ширкати пешрафтаи "Airbus Operations GmbH" Гуннар Грос имкони рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ баррасӣ шудааст.
“Дар баробари огаҳӣ ёфтан аз фаъолияти гуногунҷанбаи “Airbus Operations GmbH” ҳайати тоҷикистонӣ ҳамчунин бо раванди корҳои истеҳсолии ҳавопаймоҳои тамғаҳои мухталифи мусофиркаши оилаи “Аэробус” шиносоӣ пайдо намуд”, - хабар додааст ВУХ Тоҷикистон.
Инчунин дар дидори дигар бо роҳбарияти ширкати “Euler Hermes”, аз ҷумла сардори Раёсати суғуртакунӣ ва идораи хавфҳо Ян-Филипп Апкин ва мушовири калон оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл Бертҳолд Ройтер вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъда табодули назар сурат гирифт.
Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2021 ҳиссаи Олмон дар гардиши моли хориҷии Тоҷикистон 1,7%-ро ташкил дод. Ҳаҷми умумии муомилоти мол байни Тоҷикистону Олмон дар соли гузашта ҳудуди 108 млн. доллар будааст, ки 17,5% зиёдтар нисбат ба соли 2020 аст. Ҳудуди 99,7%-и муомилоти молии дуҷониба ба содироти молу маҳсулоти Олмон ба Тоҷикистон рост меояд.