Сафири тозатаъйини Қазоқистон ба муовини Муҳриддин эътимоднома супурд

Сафири қаблии ин кишвар дар Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев буд, ки бо фармони Тоқаев моҳи марти соли равон курсияшро холӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар Душанбе сафири нави Қазоқистон дар Тоҷикистонро пазируфтанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, сафири нави Қазоқистон Валихон Тӯрахоновро муовини вазири умури хориҷии кишвар Содиқ Имомӣ қабул кардааст.
Манбаъ меафзояд, вохӯрии Имомӣ бо ҷаноби сафир рӯзи шашуми апрел дар бинои ВУХ сурат гирифт, ки дар ҷараёни он сафири тозатаъйин ба муовини Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаашро супорид.
Гуфта мешавад, пас аз супоридани эътимоднома ҷонибҳо мулоқот намуданд.
Мулоқоти хайрбодӣ ва сипоси Сироҷиддин Муҳриддин ба сафири Қазоқистон
Дар рафти мулоқот масъалаҳое чун ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва омодагӣ ба чорабиниҳои дерпешистода ба муносибати ҷашни 30-юмин солагрди муносибатҳои дипломатии ин ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки дипломати тоҷик ба Тӯрахонов дар рушди минбаъдаи муносибатҳои шарокати стратегии Тоҷикистону Қазоқистон муваффақият орзу намуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли равон бо фармони кишвардори Қазоқистон Аскар Тоҷибоев аз мақоми сафирии ин кишвар дар Тоҷикистон барканор шуд.