Режаи низомии 9 май дар майдони Сурх баргузор мешавад

Дар майдони Сурхи пойтахти Русия чун ҳамеша режаи низомӣ баргузор мешавад. Сарбозон аввалин тамринҳои режаи низомиро санаи 7 май оғоз хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Тамрини аслии режаи низомӣ, ки ба 77-умин солгарди Ҷашни ғалаба бахшида шудааст, санаи 7 май баргузор хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Тибқи иттилои манбаъ, чун ҳамеша режаи низомӣ дар майдони Сурхи шаҳри Маскав рӯзи 9 май баргузор мешавад.
Гузаштҳои низомӣ бо ҷалби силоҳ ва техникаи ҳарбӣ, истифодаи нусхаи нишони расмии пирӯзии мардуми Иттиҳодӣ Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барпо мешавад.
Нахустин гузашти низомии Рӯзи пирӯзӣ дар Маскав 24 июни соли 1945 баргузор гаштааст. Пас аз ин то соли 1995 гузашти низомӣ дар Рӯзи пирӯзӣ ва танҳо дар солҳои ҷашнӣ 1965, 1985 ва 1990 баргузор карда шудааст.
Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунад
Гузашти низомие, ки 9 майи соли 1995 дар Маскав, дар Рӯзи пирӯзӣ баргузор гардид, аз ду қисми мустақил иборат буд. Дар майдони Сурх гузашти низомии пиёдаи иштирокдорони ҷанг ва меҳнаткашони ақибгоҳи солҳои ҷанг бо воҳидҳои подгони Маскав, ки гузашти низомии Рӯзи пирӯзии соли 1945-ро такрор мекарданд, баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Нишони пирӯзӣ низ оварда шуда буд.
Қисми дувуми гузашти низомӣ бо намоиши техникаи ҳарбӣ дар “Поклонная гора” баргузор гардид.
Аз соли 1996 парадҳои низомӣ дар майдони Сурх ва бе иштироки техникаи ҷангӣ ҳамасола баргузор мегардиданд.
Паради 9 майи соли 2000 охирон гузаште буд, ки дар он иштирокдорони ҶБВ дар майдони Сурх пиёда гузаштанд. Аз соли 2001 онҳо дар минбар дар қатори тамошобинон менишинанд.