ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден ба далели ин ки Барак Обама, раисҷумҳури пешин ба Кохи сафед омад, танҳо монд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Обама дар як чорабинӣ бахшида ба кам кардани хароҷоти тиббии амрикоиҳо ҳамчун муаллифи лоиҳаи Қонун дар бораи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, ки бо номи "Obamacare" маъруф аст, ширкат кард.
Бо имзои ташаббуси нав Байден мехост бо ҳозирон суҳбат кунад, аммо касе ӯро дар канори саҳна интизор набуд.
Вақте Байден ба ақиб нигарист, Обама дар иҳотаи конгрессменҳо ва ноиби президент Камала Ҳаррис дар паси ӯ истода буд.
Президент ночор тарки тарки саҳна кард.
Қаблан президенти собиқи Амрико Доналд Трамп ҳарифи худ, кишвардори феълӣ Ҷо Байденро дар бадбахтии мардуми ин кишвар айдор намуд ва гуфта буд, агар панҷ бадтарин президентро гирд орем, ҳич яке ба мисли Байден дар 15 моҳ чунин мушкилиро ба сари амрикоиҳо наовардааст.