Ифтор ва суҳури дуруст: рӯзадорон бояд чӣ истеъмол кунанд

Барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорати бадан дар тӯли 14-15 соати рӯзадорӣ мусалмонон бояд бештар ғизоҳои моеъ бихӯранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Рӯзадорон бояд бештар хӯрокҳои муқаввӣ истеъмол намоянд, то аҳволашон бад нашавад.
Дар ин бора доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов гуфт.

Рӯйхати маҳсулоти серғизо

Азонов дар суҳбат бо АМИТ "Ховар" гуфт, хӯрок дар моҳи Рамазон бояд серғизо бошад.
Гандум, лӯбиё, нахӯд, шалғам, карам, турб, олу, гелос маҳсулоте мебошанд, ки муқаввӣ ҳастанд.
Дар баробари ин доктор таъкид мекунад, ки шахси рӯзадор ҳангоми хӯрокхӯрӣ бояд ба қадри кофӣ карбогидратҳо, руғанҳо, сафедаҳо ва макроэлементҳоро бихӯрад.
"Ман ба рӯзадорон тавсия медиҳам, ки дар ин рӯзҳо бештар хӯроки моеъ (обдор, суюқ) истеъмол карда, оби зиёд нӯшанд. Об ва хӯрокҳои моеъ барои ба эътидол овардани ҳарорати бадан мусоидат мекунанд. Дар вақти гармӣ мо бисёр арақ мекунем ва оби баданамон кам мешавад, ки ин барои саломатии инсон хеле хатарнок аст", — гуфт Ҷаҳон Азонов.
Ҳамин тавр дар баробари хӯрокҳои серғизо нӯшидани об низ набояд фаромӯш шавад.

Тарзи дурусти нӯшидани об

Ҳамин тавр нафароне, ки дар дохили биноҳо фаъолият менамоянд, дар як шабонарӯз тақрибан 1700 килокалория сарф мекунанд ва мувофиқ ба он бояд дар як шабонарӯз 2,5 литр об ва хӯроки моеъ истеъмол намоянд.
Онҳое, ки ба меҳнати ҷисмонӣ машғуланд ва дар ҳавои боз фаъолият мекунанд, бояд на камтар аз 3-4 литр моеъ дар як шабонарӯз сарф кунанд.
Ғизои рамазонӣ: мусалмонон дар саросари ҷаҳон бо кадом хӯрок ифтор мекунанд - акс
Ба гуфтаи профессор, тарзи нодурусти истеъмоли хӯрок ва нӯшидани об дар моҳи Рамазон метавонад ба оқибатҳои вазнин бурда расонад.
Бисёр одамон, ҳангоми ифтор, пеш аз хӯрок якбора 2-3 литр об менӯшанд, ки ин ба мақсад мувофиқ нест.
"Бояд ба таври муътадил об нӯшид: дар ҳар ним соат шумо метавонед 300 грамм об ва хӯроки обдор истеъмол намоед. Нӯшидани афшура, чойи сабз ва шарбати тару тоза хеле фоиданок аст. Истифодаи нӯшокиҳои газдор тавсия дода намешавад. Нӯшокии муфидтарин чойи сабз ба ҳисоб меравад. Истифодаи рӯғанҳои рустанӣ ва маҳсулоти ширӣ низ зарур аст", - тавсия дод духтур.
Раиси Шӯрои уламо гуфт, киҳо метавонанд рӯза нагиранд
Ҳамчунин истеъмоли зуд ва аз ҳад зиёди хӯрок ба бадани мо, махсусан ба меъда таъсири манфӣ мерасонад, гуфтааст пизишк.
Дар Тоҷикистон имсол моҳи шарифи Рамазон аз 2 апрел оғоз шуд.
Рӯзи оғози моҳи шарифи Рамазон дар пайи хулосаҳои олимони Институти астрофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва масъулини Шӯрои уламо тасдиқ карда шуд.
Ҳамин тавр мусалмонон дар кишвар аз 2 апрел рӯзадориро оғоз карданд, ки он 30 рӯз идома меёбад.
Рамазон - 2022: тақвими рӯза
Маънои рӯза дар дини Ислом худдорӣ аз ғизо, муносибатҳои шаҳвонӣ ва алфози қабеҳ аст.
Дар ин моҳи муборак мусалмонон бояд рафтору ахлоқи нек доштаву бо атрофиён ҳалиму меҳрубон бошанд ва саховатмандиву ғамхориро дар авлавиятҳои кори худ қарор диҳанд.