Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Ҳадафи нави амалиёти вижаи Русия дар Украина ошкор шуд

Коршиноси низомӣ дар бораи вазифаи навбатии нерӯҳои Русия, ки онҳо метавонанд дар ҷараёни амалиёти вижа иҷро кунанд, ҳарф зада, ба аломатҳои омодагӣ ба амалиёти ҷангӣ ишора кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ҳадафи навбатии Русия дар Украина метавонад ҷамъбасти муҳосираи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Северодонетск, Лисичанск ва Краматорск бошад.
Дар ин бора коршиноси низомӣ Владислав Шуригин дар суҳбат бо "Известия" гуфтааст.
Ба гуфтаи ӯ, омодагӣ ба як ҳамлаи густарда аз шиддат гирифтани ҳамлаҳои шабона ба манотиқи мавриди тамаркузи нерӯҳои украинӣ дар Донбасс аст.
Шуригин таъкид кард, ки муҳорибаҳо барои Мариупол дар ҳоли анҷомёбиянд. Нерӯҳои Украина дар шаҳр дар вазъияти ногувор қарор гирифтаанд.
"Далели он як рӯз пеш ба замин гузоштани аслиҳаи худ аз ҷониби як қисми таковарони дарёӣ дар Мариупол мебошад, ки аз вазъи ногувори сарбозони украинӣ дар он ҷо шаҳодат медиҳанд", - гуфт коршинос.
Вай қайд кард, ки миллатгароён дар шаҳр муқовиматро идома медиҳанд, аммо рӯҳияи ҳатто воҳидҳои элита комилан коста шудааст.
Медведев иғво дар Буча таблиғоти дуруғи Украина аст
"Роҳбарияти гурӯҳи "Азов* умедвор аст, ки онҳоро бо чархболҳо берун мебаранд. Аммо маълум аст, ки аксарияти куллро дар ҳич як шароит бо ин роҳ баровардан мумкин нест", - шарҳ дод Шуригин.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғаринизомикунонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Пас аз оғози амалиёти вижа Русия ва Украина 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор ба таври онлайнӣ тамос гирифтанд.
Ба тарафҳо муяссар гардид, ки аз рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд. Дар ояндаи наздик машваратҳои байни Маскав ва Киев идома хоҳанд ёфт.
*Баталони миллии Азов, ки ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Украина дохил мешавад, дар Русия ифротӣ эътироф ва мамнуъ эълон, алайҳи ҷангиёни он дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.