"Utair" гуфт, чӣ гуна муфид метавон ба Тоҷикистон билет харид

Ширкати ҳавопаймоии Русия ба ҷадвали мукаммали тобистона гузашт ва ба мусофирон хотиррасон кард, ки чӣ гуна беҳтарин чиптаҳоро барои парвозҳои худ харидорӣ намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Utair" ба мусофирон хотиррасон кардааст, ки беҳтар аст, чиптаҳоро тавассути вебсайти расмии ширкат харидорӣ кунанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ширкат.
Илова бар ин чиптаҳоро метавон тавассути замимаи мобилии ширкати ҳавопаймоӣ бо дили пур гирифт.

"Чиптаҳои парвозҳои хориҷии ширкати "Utair" ба Озарбойҷон, Арманистон, Тоҷикистон, Туркия ва Узбекистонро акнун танҳо бо истифода аз ин хадамот харидан мумкин аст", - гуфтанд дар ширкат.

Илова бар ин "Utair" хабар дод, ки ширкати ҳавопаймоӣ ба ҷадвали тобистона гузашт, ки дар он нақша дорад, парвозҳоро ба беш аз сад самт афзоиш диҳад.
Дар ширкат гуфтаанд, ки дар мавсими талаботи зиёд ба таври анъанавӣ басомади парвозҳои мустақими байни минтақаҳоро афзоиш дода, барномаи васеъмиқёси парвозҳо ба Ҷанубро амалӣ менамояд.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
"Utair" дар бораи алоқаи ҳавоӣ бо Тоҷикистон гуфт
"Бо вуҷуди душвориҳои соли ҷорӣ, мо ният дорем, ки нақшаҳои худро иҷро кунем ва парвозҳои бефосиларо барои мусофирон таъмин кунем", - гуфтаанд ҳамчунин "Utair".
Аз саргирии фаъолияти фурудгоҳҳои ҷанубӣ низ эълом шуд, ки парвозҳои мустақим аз шаҳрҳои миллионнафарии Русия ва марказҳои бузурги минтақавӣ оғоз мешавад.