Небензя далел овард, ки ваҳшоният дар Буча сохтакорист

Василий Небензя ба рӯзноманигорон чанд видеоеро нишон дод, ки аз қалбакӣ будани видео аксҳо дар Бучаро бозгӯ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя ба намояндагони ВАО далели моҳияти марҳилаӣ доштани иғво дар шаҳри Бучаро нишон дод, хабар медиҳад РИА "Новости".
Мақомоти Украина видеоҳоеро паҳн карданд, ки дар он ҷасадҳои дар рӯи заминхобидаи сокинони Буча нишон дода шудааст. Дар марги одамон Украина нерӯҳои Русияро муттаҳам кард ва Зеленский ин ҳодисаро наслкушӣ арзёбӣ намуд.
Небензя ёдовар шуд, ки рӯзи 30 март Вазорати дифои Русия аз хуруҷи артиш аз як қатор минтақаҳо, аз ҷумла Буча хабар дода буд.
"Bloomberg": Русия дар ҷанги таҳримӣ ИМА ва Аврупоро нобуд кард
"Ин далелро рӯзи дигар шаҳрдори Буча тасдиқ кард. Анатолий Федорук дар видеои рӯзи 31-уми март хурӯҷи нерӯҳои Русияро пирӯзии артиши Украина муаррифӣ кард. Ҷолиб он аст, ки ӯ аз ягон ваҳшонияти оммавӣ ва ҷасади кушташудагон ёдовар нашудааст. Тасаввур кардан душвор аст, ки мири шаҳр ёдоварӣ кардани чунин сенарияи харобиоварро фаромӯш кардааст", - гуфт ин дипломат.
Ба рӯзноманигорон видеое намоиш дода шуд, ки дар он шаҳрдори Буча хушҳол менамуд ва аз хуруҷи неруҳои Русия хурсандӣ мекард.

"Тасаввур кардан душвор аст, ки вай дар пасманзари куштор дар кӯчаҳо чунин рафтор кунад", - гуфт Небензя.

Сипас ӯ акси муштзан Жан Беленюкро нишон дод, ки пас аз вуруди нерӯҳои амниятии Украина ба шаҳр аз Буча дидан кардааст. Варзишгар низ табассум мекунад. Беленюк дар бораи мурдагон ва ваҳшигариҳо чизе нагуфт.
Намояндаи доимӣ видеоҳоеро, ки Гвардияи миллии Украина дар Буча гирифта буд ва рӯзи 2 апрел нашр кард, нишон дод, ки дар он ҳеҷ ҷасаде дар кӯчаҳо дида намешавад. Вай қайд кард, ки видеоҳои ҷасадҳо дар роҳҳои шаҳр танҳо рӯзи 3 апрел пайдо шуд.
"Он пур аз номувофиқатӣ ва дурӯғи ошкор аст", - гуфт Небензя.
Коршинос тавзеҳ дод, ки дар Буча ҳақиқатан чӣ гузашт - видео
Ӯ изҳори бовар кард, ки ҳақиқати иғвогарӣ дар Буча ба зудӣ маълум мешавад.
"Он чӣ дар Буча рух дод, танҳо як амалиёти бардурӯғ аст, ки режими Киев ва сарпарастони ғарбии он анҷом додаанд".
Вазорати дифои Русия низ аксу видеоҳои Бучаро "иғвои дигар" номид. Тавре аз департаменти ҳарбӣ хабар доданд, дар замони қарор доштани ин шаҳрак дар зери назорати нерӯҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия "як сокини маҳаллӣ аз ягон амали хушунатомез осеб надида буд".
Таъкид мешавад, ки тамоми воҳидҳои Русия рӯзи 30 март Бучаро комилан тарк карданд.