ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистон дар як мусоҳибаи худ гуфт, ки мақомоти амрикоӣ ба вай ба далели мавозеаш дар қиболи Русия ва ҷанги Украина ҳушдор додаанд.
Вай гуфт, мақомоти Амрико ба ӯ ҳатто ба барканорӣ аз қудрат таҳдид кардаанд.
Имрон Хон аз интишори ҳукми барканории худ ба нақшаи як мақоми амрикоӣ ба номи Доналд Лу дар ин моҷаро ишора кард.
Аммо нахуствазири барканоршудаи Покистон каме баъд таъкид кард, ки ин мақоми амрикоӣ бо ирсоли нома вайро таҳдид кардааст.
Ба гуфтаи Имрон Хон, ин номаи таҳдидомез тавассути Донал Лу, муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури марбут ба Осиёи Ҷануби ва Марказӣ ирсол шудааст.
Имрон Хон Вашингтонро ба ҳимоят аз ҷараёне мутаҳам кард, ки қасди барандозии вайро дорад.
Пештар Вазорати хориҷаи Покистон кордори сафорати Амрикоро эҳзор кард, то маротиби норизоятии Исломободро аз мудохилаи Вашенгтон иблоғ кунад.
Амрико иттиҳомоти матраҳшуда аз сӯйи Имрон Хонро беасос хондааст.
Парлумони Покистон қарор аст, дар мавриди салоҳият ё адами салоҳияти Имрон Хон дар ҷойгоҳи нахуствазирӣ эъломи назар кунад, аммо давлати ин кишвар пеш аз ташкили ҷаласа ва райгирӣ дар парлумон Имрон Хонро барканор кард.