Вазорати таҳсилоти олӣ: Устодони зан ҳаққи иштирок дар конфронсҳои илмиро надоранд

Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати мувақати толибон мегӯяд, ки устодони зан дигар ҳаққи иштирок дар конфронсҳои илмӣ бо мардумро надоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Вазорати таҳсилоти олии толибҳо бо ирсоли як номаи расмӣ ба тамоми донишгоҳҳои давлатӣ ва хусусӣ дастур додааст, ки устодони зан дигар ҳаққи иштирок дар конфронсҳои илмии мардонаро надоранд.
Дар ин нома гуфта мешавад, профессорону донишҷӯён ва хатмкунандагони зан ҳақ надоранд, дар барномаҳои мардона ширкат кунанд.
Дар ин нома ҳамчунин ба ҳамаи донишгоҳҳои давлатӣ ва хусусӣ дастур дода шудааст, ки барои мардону занон барномаҳои ҷудогона таъсис диҳанд ва ҳеҷ мард ҳаққи ширкат дар барномаҳои занонро надошта бошад.
Толибон: Ҷумъа рӯзи тафреҳи мардон аст, на занон
Ҳамчунин дар ин нома қайд карда шудааст, ки маросими хатми духтарони донишҷӯ бояд бо риояи ҳиҷоби исломӣ баргузор шавад ва ҳеҷ як духтари донишҷӯ ҳақ надорад, ки аксу навори ин маросимро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунад.
Дар ин нома ба донишгоҳҳои хусусӣ дастур дода мешавад, донишҷӯён ҳақ надоранд, ки бидуни ҳамоҳангии донишгоҳи марбута вақти фароғатии худро таҷлил кунанд.
Вазорати таҳсилоти олии толибон қаблан суҳбати устодону донишҷӯён бо расонаҳоро манъ карда буд.