ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе бо сафари хидматӣ ба Ӯзбекистон сафар карданд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикитон хабар дод.
Ба гузориши манбаъ, ҳунарандони тоҷик намоши "Маликаи нозанин" -ро аз 4 то 15 апрел пешкаши ӯзбекистониҳо мекунанд. Зикр гардид, ки "Маликаи нозанин" дар панҷ шаҳру навоҳии ин кишвар, аз ҷумла дар шаҳрҳои бостонии Фарғона, Қӯқанд, Марғелон, ноҳияҳои Риштон ва Сӯх ба намиш гузошта мешавад.
Манбаъ аз қавли роҳбари бадеии театри мазкур Наргис Розиқова хабар медиҳад, ки сафари ҳунармандони тоҷик бо даъватномаи Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Муаллифи намоиши мазкур Ҳотам Салимов, таҳиягар, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Зафар Ҷаводов буда, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба саҳна гузошта мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан ҳунармандони Ӯзбекистон бо намоиши "Чойхонаи мусиқӣ" дар Тоҷикистон қарор доштанд.
Сафари ҳунармандони Ӯзбекистон аз 11 то 20 март сурат гирифт ва дар Театри давлатии лӯхтаки Тоҷикистон намоишномаи мазкур пешкаши тамошобинон гардида буд.
Муаллиф, коргардон ва рассоми "Чойхонаи мусиқӣ" Сергей Седухин буда, намоиш ба забонҳои русӣ ва узбекӣ манзури кӯдакону наврасон гардонида шуд.