Коршинос тавзеҳ дод, ки дар Буча ҳақиқатан чӣ гузашт - видео

Коршинос афсонаи режими Киев дар бораи "ҷиноятҳои даҳшатовар"-и нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Украинаро рад кард
Sputnik
Видеоҳои даҳшатноки иғвогарии украинӣ дар рустои Бучаи вилояти Киев дар сартосари ҷаҳон паҳн шуданд.
Рӯзноманигорон ва сиёсатмадорони ғарбӣ дарҳол артиши Русияро дар ҳама чиз гунаҳкор карданд, ҳарчанд касе дар ин бора далел оварда наметавонад.
Роҳбари КТ Русия дастур дод, ки муаллифони хабарҳои дурӯғ дар Буча муайян шаванд
Максим Григорев, узви Палатаи ҷамъиятии Русия, мудири Бунёди омӯзиши мушкилоти демократия дар суҳбат бо Sputnik дар бораи он ки воқеан дар паси марги мардуми осоишта кӣ буда метавонад, ибрози назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин як иғво нест, балки як ҳодисаи тарҳрезишуда аст, ки мақомоти Киев бо дастури хадамоти кашфи ғарбӣ амалӣ мекунанд.
Бо вуҷуди ин мутахассис дар афсонаи Украина номувофиқатии зиёдеро қайд мекунад.
Лавров иғво дар атрофи Бучаро ҳамлаи фейкӣ хонд
Қаблан Вазорати дифои Русия низ қайд карда буд, ки нерӯҳои Русия рӯзи 30 март шаҳрро тарк карда буданд. Дар ин бора баъдтар раиси шаҳри Буча Анатолий Федорук дар паёми видеоии худ изҳор дошт. Дар он ӯ ҳамчунин аз ягон сокини маҳаллӣ ёдовар нашудааст, ки дар кӯчаҳо бо дастони баста паронда шуда бошад.
Илова бар ин Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия таъкид кард, ки аксу видеоҳои пешниҳодшуда қалбакиянд. Ба гуфтаи вай, Маскав хостори баргузории ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти СММ дар ин бора шудааст.