Ҳушдори Рогозин ба НАТО: Фаромӯш накунед, ки мо аз кайҳон шуморо назорат мекунем

Роҳбари "Роскосмос" НАТО-ро ҳушдор додааст, ки ҳаракаташро дар қаламрави Аврупо аз кайҳон назорат мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дмитрий Рогозин, роҳбари "Роскосмос" дар рӯзи таъсиси НАТО гуфт, ин созмон таҳдиди асосӣ барои ҷаҳон аст ва ба аъзои он ҳушдор дод, ки Русия ҳаракати онҳоро аз кайҳон назорат мекунанд.

“Ман мехоҳам, ки шиносҳои деринаи ман аз Брюссел, бахусус (Дабири кулли НАТО) Столтенберг дар рӯзи ташкили НАТО бо истифода аз тасвири моҳвораии кайҳонии "Роскосмос" дафтари худро тамошо намояд. Бачаҳо, мо шуморо тамошо мекунем. Дар хотир дошта бошед”, - навиштааст Рогозин дар канали "Telegram"-и худ.

Вай ба ин паём тасвири моҳвораии қароргоҳи НАТО-ро дар Брюссел замима кардааст, ки аз ҷониби моҳвораи русии "Resurs-P" аксбардорӣ шудааст.
Рогозин хотиррасон намудааст, ки 4 апрели соли 1949 намояндагони дувоздаҳ мамлакат — Белгия, Бритониё, Дания, Исландия, Италия, Канада, Люксембург, Ҳолланд, Норвегия, Португалия, ИМА ва Фаронса созишнома дар бораи ташкили Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО-ро ба имзо расонданд.
"НАТО ҳамин тавр ташкил шуд - таҳдиди асосӣ барои тамоми ҷаҳон, ки Ҷанги Дуюми Ҷаҳониро паси сар кардааст", - гуфт роҳбари "Роскосмос".