ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Майк Пенс, ноиби раисҷумҳури собиқи Амрико Доналд Трамп дар суҳбат бо "Fox News" гуфтааст, Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико бадтарин раҳбар аст, ки дар таърихи муосири ИМА дида шудааст.
"Ман фикр мекунам, ки президент Байден ба Иёлоти Муттаҳида бештар аз ҳама дигар президентҳои таърихи муосири кишвар осеб расонидааст",- гуфтааст ӯ.
"Бадтарин буҳронҳо аз замони раёсати ӯ дар таърихи Ватани мо рух додаанд", - афзуд ӯ.
Ноиби раисҷумҳури собиқи Амрико аз сиёсатҳои дигари ҳукумати Вашингтон интиқод ва таъкид кард, ки Амрико таҳти раҳбарии Байден дар буҳрон қарор дорад.
"Таваррум дар ИМА ба дараҷаи баландтарин дар давоми 40 соли охир расид", — гуфт ӯ.
Илова бар ин нархи бензин дар кишвар 70% боло рафтааст. Пенс ҳамчунин ба иштибоҳҳои ҳукумати кунунӣ дар мубориза бо коронавирус ва хуруҷи "фалокатбор" аз Афғонистон ишора кард.
Муовини президенти собиқи ИМА қаблан дар як суханронии интиқодӣ аз ҳукумати Ҷо Байден изҳори итминон карда буд, ки Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи президентии соли 2024 қудратро дубора ба даст меорад.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин интиқод дар бораи Байден ва фаъолияти раҳбарии ӯ нест.
Қаблан Доналд Трамп, президенти пешини ин кишвар гуфта буд, Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида бо роҳбарии Ҷо Байден кишварро ба бадтарин замонҳо овард.
"Даромади воқеӣ коҳиш меёбад, мо дар остонаи даҳшати иқтисодӣ бо номи стагфлятсия қарор дорем. Оё касе медонад, ки ин чист? Таваррум ва таназзули ҳамзамон. Хуб садо медиҳад? Иёлот бори аввал дар таърих худро дар чунин сатҳи паст эҳсос мекунад", - таъкид кард ӯ.