Антонов: Амрико тирборон шудани Буча аз сӯйи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нодида мегирад

Қаблан мақомоти Украина ва расонаҳои хабарӣ видеоеро нашр карданд, ки гӯё дар шаҳри Бучаи вилояти Киев наворбардорӣ шудааст ва ҷасади мардум дар роҳ хобидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Тирандозии тӯпхона аз ҷониби артиши Украина метавонад боиси талафоти ғайринизомиён дар канори Бучаи Киев шавад. Дар ин бора Анатолий Антонов, сафири Русия дар ИМА ба маҷаллаи "Newsweek" хабар додааст.

"Дар Иёлоти Муттаҳида ин далелро дидаю дониста хомӯш мекунанд, ки билофосила пас аз хуруҷи нерӯҳои Русия нерӯҳои мусаллаҳи Украина Бучаро ба оташи тӯпхона дучор карданд. Ин метавонад боиси талафоти мардуми осоишта шавад", - гуфт Антонов.

Вай гуфт, бо ин роҳ Киев мекӯшад, тамоми ваҳшонияти худро ба дӯши Русия вогузор кунад.
Қаблан мақомоти Украина ва расонаҳои хабарӣ видеое нашр карданд, ки гӯё дар Буча сабт шудааст ва ҷасадҳо дар роҳ хобидаанд. Корбарони шабакаҳо пай бурданд, ки "ҷасадҳо" дастонашонро ҷунбонда, ба канор мераванд, то зери чархи техникаи низомӣ наафтанд. Инчунин дар оинаи паси мошини оператор дидан мумкин аст, ки баробари гузаштани мошин яке аз "мурдагон" чӣ гуна савори мошин мешавад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорати дифои Русия ҳақиқатро дар бораи аксу видеоҳо аз Бучаи Украина ошкор кард
Вазорати дифои Русия ин навору аксҳоро иғво номида, таъкид кард, ки дар тӯли тамоми замоне ки Буча таҳти назорати русҳо буд, ҳеҷ як сокини маҳаллӣ аз амалҳои хушунатомез осеб надидааст.
Илова бар ин департамент таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки нерӯҳои Русия рӯзи 30 март шаҳрро тарк карданд, рӯзи дигар шаҳрдор Анатолий Федорук дар паёми видеоии худ тасдиқ кард, ки ҳеҷ яке аз низомиёни Русия дар Буча набудаанд.
Вазорат ёдовар шуд, ки мақомоти Украина дар бораи "зарбаи нерӯҳои ҳавоии Русия" ба таваллудхонаи Мариупол як хабари қалбакӣ паҳн кардаанд. Нашрияҳо аксҳои занони ҳомиларо паҳн намуданд, ки гӯё ҳангоми ҳамлаи ҳавоӣ осеб дидаанд. Русия ин иттиҳомотро рад кард.