Ҳамкориҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистон густариш меёбанд

Сафири Тоҷикистон Русия дар дидор бо вазири фарҳанги Русия густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ду кишварро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, сафири Тоҷикистон дар Маскав бо Олга Любимова, вазири фаҳранги Русия дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додаааст котиби масъули сафорат.
Дар ин дидор тарафайн фурсатҳои ташкили теъдоде аз рӯйдодҳои муштараки фарҳангӣ ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатии байни ду кишварро баррасӣ ва дар ин росто алоқамандии худро барои баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия дар соли ҷории мелодӣ иброз доштанд.
Сафири Тоҷикистон бо ибрози хурсандӣ аз тавсеаи равобити ду кишвар дар ҳавзаи фарҳангӣ хотирнишон кард, ки табодули фарҳанг дар ҳавзаи театри ҳирфаӣ, мусиқӣ ва ҳунар ҳамчунон рӯ ба рушд хоҳад буд.
Муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар гирифтани шаҳрвандии Русия пешқадаманд
Вазири фарҳанги Русия ба навбати худ омодагии кишварашро барои тақвият ва густариши равобити дуҷонибаи судманд дар ҷиҳати истифода аз тарвиҷи мероси таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар иброз кард.
Дар ин мулоқот баргузории намоишгоҳҳои ҳунари муосир, сафари ҳайатҳои ҳунарӣ, мусиқӣ ва намоишии ду тараф ба кишварҳои якдигар ва ширкат дар рӯйдодҳои мухталифи фарҳангии байналмилалӣ таъкид шуд.