Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои Русия замини ҶМЛ-ро аз минаҳо пок мекунанд

Низомиёни Русия ба пок кардани ҳудуди Луганск аз минаҳо оғоз карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба поксозии қаламрави Ҷумҳурии Мардумии Луганск аз минаҳо шуруъ карданд. Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар медиҳад.

"Мутахассисони Маркази байналмилалии минарӯбии нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба поксозии башардӯстонаи мина дар ҶМЛ оғоз карданд", — омадааст дар изҳороти Вазорати дифои Русия.

Гуфта мешавад, ки ин гурӯҳ аз поксозони минаҳо, роботсозон ва нобудсозони ашёи мунфаҷираи кашфшуда иборат аст.
Безараргардонии қаламравҳо аз ҷониби мутахассисони низомии Русия бо ёрии техникаи махсус сурат мегирад.
Инчунин маҷмаи роботии "Уран-6" дар поксозии қаламрави ҶМЛ, ки аз баталонҳои ҳарбӣ ва миллатгароёни украинӣ озод карда шудаанд, иштирок мекунад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Қодиров: Милларгароёнро дар Мариупол "ба кунҷ рондаанд"
Қаблан аз ин усул дар иҷрои вазифаҳои вижа дар Сурия ва Қарабоғи Кӯҳӣ истифода шуда шуд ва натиҷаи хуб дод.
Ёдовар мешавем, Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозии Украина" анҷом ёфта, тамоми ҷинояткорони "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Омбудсмени ҶМЛ: ҷониби Украина оилаҳои асиронро шантаж мекунад
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Ҳайатҳои Русия ва Украина чаҳор марҳилаи гуфтугӯҳои рӯ ба рӯро дар Беларус ва Туркия анҷом дода, инчунин чанд бор онлайнӣ мулоқот карданд.