Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Русия аввалин ваксинаи димоғӣ дар ҷаҳон бар зидди COVID сабти ном шуд

Чӣ тавр ва киҳо метавонанд аз ин навъи ваксина истифода кунанд: тафсилотро аз матлаби зер дарёбед
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Вазорати тандурустии Русия аввалин ваксинаи димоғиро дар ҷаҳон алайҳи COVID-19 сабти ном кард.
Ин варианти нави доруи Гам-КОВИД-Вак ("Спутник V") мебошад.
"Вазорати тандурустии Русия шакли димоғии ваксинаи Гам-КОВИД-Вак ("Спутник V") барои пешгирии сирояти нави коронавирусро ба қайд гирифтааст, ки аз ҷониби Маркази миллии тадқиқотии Гамалея оид ба эпидемиология ва тибби Вазорати тандурустии Русия таҳия шудааст", - гуфт вазорат.
Дору мисли "Спутник V" аз ду ҷузъ иборат буда, се ҳафта ба холигоҳи бинӣ пошида мешавад.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон зидди COVID-19 масунияти оммавӣ ташаккул ёфтааст
Он иммунитети луобпардаро бар зидди COVID-19 дар рӯи луобпардаи роҳҳои нафас, инчунин иммунитети гуморалӣ ва ҳуҷайравӣ дар хун ташаккул медиҳад.
То ҳол ваксинаи димоғӣ танҳо барои одамони аз 18-сола боло тасдиқ шуда буд.
Қаблан вазири тандурустӣ Михаил Мурашко хабар дода буд, ки ин дору ба тавсияҳои навшуда оид ба реваксинатсия бар зидди КОВИД дохил карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол як доруи дигари зидди COVID-19 "Гамковимаб" метавонад дар моҳи июн дар Русия сабти ном шавад.
Ваксина аз ду вояи иборат аст.