Сарвазири Лаҳистон эътироф кард, ки таҳримҳо алайҳи Русия кор намекунанд

Сарвазири Лаҳистон бесамар будани таҳримҳои зидди Русияро эътироф кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Матеуш Мораветски, нахуствазири Лаҳистон дар сафҳаи "Твиттер"-аш навиштааст, ки таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия натиҷа намедиҳанд.
Ба гуфтаи вай, далели ин қурби рубл аст, ки ба қимати қабл аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина баргаштааст.

"Ин чунин маънӣ дорад, ки амалиёти мо ба тавре ки роҳбарон (давлатҳои Ғарб — ред.) хоста буданд, кор накард", — гуфт дар хотима Мораветски.

Мавриди зикр аст, ки муносиботи Лаҳистон бо Маскав нисбат ба дигар кишварҳои аврупоӣ сардтар ва он хостори ҳарчи бештари ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Русия аст.
Русия рӯзи 24-уми феврал амалиёти вижаи низомиро барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина оғоз кард. Дар посух Ғарб таҳримҳои нави зидди Русия эълон кард.
Онҳо пеш аз ҳама бар зидди бахши бонкӣ ва пешниҳоди маҳсулоти баландтехнологӣ нигаронида шудаанд. Даъватҳо барои коҳиш додани вобастагӣ аз манобеи энержии Русия дар Аврупо бештар шудаанд. Бисёре аз брендҳои ҷаҳонӣ аз хуруҷи худ дар Русия хабар доданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сокинони Британия ҳукуматро барои оқибатҳои таҳрим алайҳи Русия мазамат карданд
Ба гуфтаи президент Владимир Путин, чунин амалҳои Ғарб дар асл ба бадтар кардани зиндагии миллион одамон равона шудаанд. Ӯ афзуд, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо воқеан дар иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди Русия дефолт эълон карда, захираҳои асъории онро мунҷамид кардаанд, ки рӯйдодҳои имрӯза ба бартарияти ҷаҳонии Ғарб ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисод хатти батлон мекашад.
Фишори таҳримӣ алайҳи Маскав аллакай ба мушкилоти иқтисодӣ барои ИМА ва Аврупо табдил ёфта, боиси афзоиши ҷиддии қимати маводи сӯхт ва маводи ғизоӣ шудааст.
Гирдиҳамоиҳо ва эътирозҳои оммавии аҳолӣ дар шаҳрҳои гуногуни аврупо бозгӯи инанд.