Тоҷикистон ва Ӯзбекистон се хатсайри нави автобус роҳандозӣ карданд

Аз 2 апрели соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба як қатор шаҳрҳои Ӯзбекистон ҳаракати таҷрибавии автобусҳои байналмилалӣ оғоз мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон якбора 3 хатсайри нави автобусро роҳандозӣ мекунанд, хабар медиҳад "Podrobno.uz".
Ширкати тоҷикии "Холдинг Азия Групп" аз 2 апрел ҳамлу нақли таҷрибавии автобусҳои байналмилалиро якбора ба чанд шаҳри Ӯзбекистон оғоз мекунад.
Аввалин ҳамлу нақли санҷишӣ дар хатсайрҳои зерин кушода мешаванд:
Душанбе – Тирмиз;
Душанбе – Деҳнав;
Панҷакент - Самарқанд.
Гуфта мешавад, ки вақти тахминии сафар дар масири Душанбе - Тирмиз тақрибан 6 соатро дар бар мегирад. Масофаи байни шаҳрҳо 251 км аст.
Тағйирот дар қоидаи сафари шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави якдигар
Роҳи 107 километр аз Душанбе то Деҳнав тақрибан 2,5 соат аз вақти сафарро мегирад.
Аз Панҷакент то Самарқанд масофаи кӯтоҳтарин, 64 км ва вақти тахминии сафар 1,5 соат аст.
Тасвиби созишнома миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи додани замин
Ёдовар мешавем, ки имрӯз миёни Ӯзбакистон ва Тоҷикистон автобусҳо дар хатсайрҳои Тошканд – Хуҷанд ва Қӯқанд – Хуҷанд мунтазам ҳаракат мекунанд.