Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионӣ ба кор оғоз кард

Маҷрои кори телевизиони навтаъсиси муаррифии бахши сайёҳӣ ва намоишу рушди ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон шабакаи нави телеҷизиони давлатӣ бо номи "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ба кор оғоз кард.
Дар ин бора Кумитаи радио ва телевизиони кишвар гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, маросими ифтитоҳи телевизион бо иштироки намояндагони баландпоя имрӯз, 1 апрел сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ҳадафи асосӣ аз таъсиси чунин як телевизион огоҳ намудани аҳолии мамлакат бо хабару гузоришҳои муҳим, пахши барномаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби васеи табақаҳои гуногуни ҷомеа ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, бедор намудани шавқи ҷомеа мебошад.
Ҳамзамон фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ дар самти таҳкими рушди сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат аз ҳадафҳои дигари ин муассисаи навтаъсис арзёбӣ мегардад.
Нуриддин Саид аз нақшаи кӯчондани манора ва идораи телевизионҳои Тоҷикистон гуфт
Шабака дар кӯчаи Айнии пойтахт, дар бинои Пажуҳишгоҳи давлатии илмию тадқиқотии саноати Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад.
Қаблан Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион гуфта буд, барои шабакаи ҷадид дастгоҳҳои муосир ворид гардида, ҳукумат аллакай телевизиони ҷадидро бо дафтари корӣ таъмин кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки раҳбарии телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро Амирзода Дилафрӯз Субҳон ба зимма дорад.
Ин дар ҳолест, ки соли 2021 дар Тоҷикистон ду шабакаи давлатии нави телевизионӣ - "Илм ва табиат" ва "Шаҳнавоз" ифтитоҳ гардиданд.
Ба иттилои кумита, феълан дар ҷумҳурӣ 96 шабакаи давлатию хусусии телевизион ва студияҳои тавлиди маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд, ки 14 шабакаи телевизионӣ давлатӣ мебошанд.
Таъкид шудааст, ки инчунин дар кишвар 18 телевизиони хусусӣ, 14 телевизиони ноқилӣ, 22 радиои хусусӣ, 10 радиои давлаӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудивизиулӣ фаъолият мекунанд.