ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон эйр" парвозҳоро дар масири Душанбе - Маскав - Душанбе афзоиш дод.
Дар ин бора хадамоти матбуотии ширкати ҳавопаймоии "Сомон эйр" иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад, ки минбаъд парвозҳои мунтазам ба самти шаҳри Маскав, ба фурудгоҳи Домодедово ва бозгашт дар як рӯз ду бор анҷом дода мешавад.
Ин парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои "Boeing 737-800" ба роҳ монда мешаванд.
Маълумоти бештар ва нархи чиптаҳои парвоз дар сомонаи ширкат, хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳӣ дастрас мебошанд.
Қоидаҳои парвоз
Ҳамаи мусофирон, ба истиснои шаҳрвандони Русия, бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 48 соат пеш аз ворид шудан ба қаламрави ин кишвар дода шудааст, пешниҳод намоянд.
Инчунин аз 15 марти соли равон вуруди мусофирон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба қаламрави Тоҷикистон бо пешниҳоди гувоҳномаи ваксинатсияи пурра ё қисман иҷозат дода шудааст.
Дар ҳолати надоштани гувоҳномаи ваксинатсия мусофирон бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намоянд.
Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.
Пештар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон аз тааҳҳуди ширкатҳои ҳавонавардӣ бар поён бурдани қимати билети парвоҳзои миёни Русияву Тоҷикистон хабар дод.
"Аз мавсими нав новобаста аз боло рафтани қурби доллар ширкатҳо ба агентӣ тааҳҳуд супурданд, ки нархи билетҳоро аз ҳудуди 250 то 350 доллар боло нахоҳанд бурд. Дар акси ҳол агентӣ ин ҳақро хоҳад дошт, ки ҳаққи парвозро аз онҳо бигирад”, - гуфт манбаъ.