ДУШАНБЕ, 1 апр– Sputnik. Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ахиран дар Комиссиюни сулҳи СММ афзуд, ду миллиард нафар имрӯз дар манотиқи даргирӣ зиндагӣ мекунанд, иттилоъ додааст "Associated Press".
Вай ба даргириҳо дар Яман, Сурия, Мянмор, Судон, Гаитӣ, Соҳили Африқо ва Украина ишора карда гуфт, ин фоҷеаҳо пояҳои назми байналмилалиро мутазалзил мекунанд.
“Аз марзҳо мегузарад ва муҷиби афзоиши сарсомовари қимати маводи ғизоӣ ва сӯхт мешавад, ки фоҷеае барои кишварҳои дар ҳоли тавсеа аст”, - қайд кард Антониу Гутерриш.
Ҳамзамон дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид афзуд, соли гузашта 84 миллион нафар ба иллати даргирӣ, хушунат ва нақзи ҳуқуқи башар маҷбур ба тарки хонаҳои худ шуданд.
“Албатта, ин шомили ҷанги Украина намешавад, ки ба гуфтаи ниҳодҳои Созмони Милал, муҷиб шудааст, то кунун чаҳор миллион нафар аз кишвари худ бигурезанд ва 6,5 миллион нафар низ дар дохили кишвар овора шаванд”, - гуфт ӯ.
Гутерриш дар такия ба таҳлилҳои Созмони Милал гуфт, имсол дастикам 274 миллион нафар ба кумакҳои башардӯстона ниёз хоҳанд дошт.