Андрей Бабитский - писари Марат Орипов дар Украина даргузашт

Писари ҳунарманди маъруф Марат Орипов дар Донетск даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Рӯзноманигор Андрей Бабитский - писари ҳунарманди машҳур Марат Орипов дар синни 58-солагӣ дар Донетски Украина даргузашт, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба "Украина.ру".
Андрей Маратович Бабитский 26 сентябри соли 1964 дар Маскав таваллуд шудааст.
Ӯ писари ҳунарманди кинои тоҷик Марат Орипов ва сенарист Зоя Зиновевна Бабитская мебошад. Мавсуф хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Маскав буд.
Солҳои 1987-1989 дар маҷаллаи "Гласность"-и Сергей Григорянтс кор кардааст. Аммо КГБ-и шӯравӣ ба далели мамнуияти фаъолиятҳои сиёсӣ ва доштани нашрияи хусусӣ, ки онро зиддишӯравӣ медонист, ӯро ҳабси маъмурӣ карда буд.
Ӯ аз соли 1989 хабарнигори Радиои "Озодӣ"* буд.
Дар вақти табаддулоти моҳи августи соли 1991 аз Қасри сафеди Маскав гузориш дода буд. Баъдан хабарнигори парлумонии "Свобода" шуд.
Моҳи сентябр-октябри соли 1993 ӯ низ дар Кохи Сафед буд ва пас аз ҳамла, бо нишони медали "Ҳимоятгари Русияи озод" қадрдонӣ шуд.
Ӯ дар нуқтаҳои доғи Тоҷикистон, дар Қафқози Шимолӣ, дар замони Ҷанги Якуми Чеченистон, дар минтақаи амалиёти низомӣ кор кардааст.
Пас аз шурӯи ҷанги дуюми Чеченистон ӯ хабарнигори вижаи радиои "Озодӣ"* дар Грозний буд.
Гузоришҳои ӯ аз Грознийи муҳосирашуда, ки шадидан аз мақомот ва артиши Русия интиқод карда буданд, ки боиси хашми шадиди мақомоти федералии Русия, раҳбарияти артиш ва хадамоти вижа алайҳи ӯ шуд.
Дар соли 2014, пас аз муттаҳид шудани Қрим бо Русия рӯзноманигор аз нимҷазира ва ҳамчунин ҷумҳуриҳои Донбасс ҳимоят карда буд.
Аз соли 2016 ӯ саҳими доимии нашрияи интернетии "Украина.ру" буд. Вай инчунин шореҳи рӯзномаи "Взгляд" ва портали иттилоотии "Life" низ буд.
*-Ин радио дар Русия ҳамчун агенти хориҷӣ эътироф шудааст.