ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Тоҷикистон дар паёмаш гуфт, болоравии нархҳо ва авзои бисёр ноорому бесуботи баъзе минтақаву кишварҳои сайёра ҳолати бамиёномада ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.
Вай афзуд, мардуми Тоҷикистон бояд ҳар рӯзи баҳорро ғанимат дониста, кишти зироатҳоро сари вақт анҷом диҳанд ва барои ҳосили фаровон замина гузоранду масъалаи захираи дусолаи маводи ғизоиро дар ҳар як оила, ки мардум манфиати онро солҳои охир, бахусус дар ду соли вазнини паҳншавии бемории сироятии коронавирус диданд, фаромӯш накунанд.
“Мо, аллакай, имрӯз бояд дар фикри он бошем, ки фарзандон ва аҳли хонадони мо ва умуман сокинони кишвар ба мушкилӣ дучор нагарданд ва аз камчинии маводи ғизоӣ ё болоравии нархи он, хусусан дар мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода азияту муҳтоҷӣ накашанд”, - гуфт Раҳмон.
Ҳамчунин роҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки мо бояд чӣ дар моҳи Рамазон ва чӣ дар моҳҳои дигар софдилона заҳмат кашем, ба хотири осоиши фарзандон, аҳли оилаи худ, ҳар як хонадони мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем.
“Барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва корҳои ободониву созандагиро тибқи ҳадафҳои муайянкардаамон беш аз пеш густаришу вусъат бахшем”, - афзуд раисҷумҳур.
Инчунин вай гуфт, имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро илова ба мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, пайомадҳои манфии он, бемории сироятии КОВИД-19, камчин гардидани озуқаворӣ ва болоравии нархҳо авзои бисёр ноорому бесуботи баъзе минтақаву кишварҳои сайёра ӯро сахт ба ташвиш овардааст.
Вай гуфт, ҳолати бамиёномада ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.
“Тибқи таҳлилҳо, инсоният имрӯзҳо дар давраи ҳассостарину душвортарини таърихи беш аз садсолаи худ қарор дорад. Мувофиқи хулосаи коршиносон, оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассоси буҳронӣ пешгӯинашаванда ва дарозмуддат мебошанд”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.
Вай афзуд, хусусан соли равон барои аҳли башар аз ҳар ҷиҳат ва пеш аз ҳама аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ соли вазнинтарин ва душвортарин мегардад.
“Дар чунин шароит моро зарур аст, ки нисбат ба ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ бошем, дар лаҳзаҳои душвор ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба таҳлукаву воҳима наафтем, сарфаю сариштакор, ҳушёру эҳтиёткор бошем, арзишҳои инсондӯстонаву ваҳдатсози фарҳанги миллию диниамонро ба манфиати оромии ҷомеа ва суботи Ватани азизамон дурусту ҳадафмандона истифода барем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбари Тоҷикистон дар пайёмаш зикр кард, дар замоне ки вазъияти сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳон ниҳоят муташанниҷу буҳронӣ ва мураккабу хатарзо гардидааст, масъалаи истиқлолу озодии кишварҳои алоҳида ва сохти давлатдории онҳоро таҳти саволи ҷиддӣ қарор додааст.
“Ҳар яки моро водор месозад, ки иттиҳоду сарҷамъии миллат ва амнияти давлату ҷомеаро боз ҳам таҳким бахшем. Мо вазифадорем, ки барои ҳимояи неъмати бебаҳои зиндагиамон – истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошем”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки ҳукумати кишвар бо мақсади ҳимояи иқтисодиёт ва сокинони ҷумҳурӣ аз таъсири вазъи бамиёномада бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.