Мунтахаби футболи Тоҷикистон мавқеъашро дар радабандии ФИФА беҳтар кард

Бозингарони тими миллии Тоҷикистон дар феҳристи ҷаҳонии ФИФА дар байни ду кишвари африқоӣ - Мавритания ва Гвинея-Бисау ҷойгир шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги дастаҳои миллиро нав кард.
Тоҷикистон, ки ҳоло ягон бозӣ анҷом надодааст, дар рейтинг мавқеъашро мустаҳкам кард.
Мунтахаби ҷумҳурӣ аз рӯи радабандии охирини ФИФА ҷои 114-умро гирифт. Қаблан даста дар зинаи 115-ум қарор дошт ва ба ин тартиб Тоҷикистон мавқеъашро 1 зина боло бурд.
Дар радабандӣ кишвар дар байни ду ҷумҳурии Африқо: Мавритания ва Гвинея-Бисау ҷойгир шудааст.
Кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ чунин раддабандӣ шудаанд: Ӯзбакистон дар зинаи 83, Қирғизистон дар зинаи 95.
Мунтахаби Қазоқистон 5 зина поин рафта, кишвар дар ҷойи 125-ум қарор дорад. Туркманистон бошад, дар хатти 134-ум монд.
Дар сегонаи беҳтаринҳо низ тағйирот ба амал омад: тими Бразилия Белгияро аз ҷои аввал дур кард. Фаронса дар ҷои сеюм боқӣ мондааст.
Тоҷикистон Қирғизистонро шикаст доду ҷои сеюм гирифт
Ёдовар мешавем, ки беҳтарин ҷой барои тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА 106-ум ва пойинтарин сутуне, ки мунтахаби ватанӣ дар он қарор дошт, дар ҷои 180-ум буд.
Беҳтарин дастовардҳои охирини тими Тоҷикистон ҷои сеюм дар "Ҷоми Наврӯз" аст.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар "Ҷоми Наврӯз-2022" тими Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Пеш аз ин, яккачини кишвар аз тими Уганда шикаст хӯрда буданд. Вақти асосии вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт, аммо дар задани зарбаҳо аз ҷаримагоҳи ёздаҳметра африқоиҳо боз 4 тӯб вориди дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон карданд.
Дастаи мунтахаби кишварро ба ин мусобиқот мураббии нав – мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт омода мекунад.