ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Болоравии назарраси нархи газ дар бозорҳои маҳсулоти хом метавонад ба Русия даромади рекордӣ оварад.
Дар ин бора Янис Клюге, коршиноси Пажуҳишгоҳи равобити байналмилалӣ ва амнияти Олмон дар мусоҳиба бо портали "ntv.de" изҳори назар кардааст.
Коршинос бар ин назар аст, ки ба шарофати даромад аз фурӯши манобеи энержӣ дар Русия афзоиши таварруму коҳиши андоз аз даромад ва ситонидани андоз аз арзиши иловашуда ҷуброн мешавад.
Клюге ба болоравии нархи газ дар бозори маҳсулоти хом дар як соли ахир ишора мекунад.
Дар баробари ин Маскав бо тамаркуз сари маҳсулоти нафтӣ, ки се баробар пули бештар ба буҷа овард, рӯи газ шартбандӣ накард.
"Аммо имсол газ метавонад даромади шабеҳ орад, зеро бисёре аз қарордодҳо бо нархи маҳсулоти хом мувофиқат мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки "Газпром" даромади рекордӣ ба даст меорад", - гуфт таҳлилгар.
Вай ҳамчунин бар ин назар аст, ки дар соли 2022 буҷаи Русия барзиёд иҷро хоҳад дошт, зеро нархи бозории нафти Урал аз сатҳе, ки дар буҷа пешбинӣ шудааст, болотар аст. Қурби рубл низ ба ин мусоидат мекунад.
"Аз нуқтаи назари содироти энержӣ ин як бартарӣ аст. Агар арзиши нафтро ба қурби рубл зарб кунем, ин тавр мешавад: Маскав интизор буд, ки барои ҳар бушка нафт тақрибан 4500 рубл даромад ба даст орад, аммо вай хеле зиёд - тақрибан 7000 рубл хоҳад гирифт", - гуфт Клюге.
Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои ҳифзи Донбасс дар қаламрави Украина, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо як қатор таҳримҳои якҷонибаи марбут ба бахшҳои молӣ, энержӣ, нақлиётӣ ва фанноварӣ ҷорӣ карданд.
Дар вокуниш ба ин амалҳо раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Бонки марказӣ, "Газпром" ва ҳукумат дастур дод, ки пардохтҳои газро бо кишварҳои ғайридӯст бо рубл ба роҳ монанд.
Дар баробари ин хаҷми таъминот, нархҳо ва принсипҳои нархгузорӣ бетағйир мемонанд.