ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Муҳсини Каримӣ, муовини раиси Бонки марказии ҷумҳурии исломӣ дар умури байналмилалӣ ба хабаргузории РИА "Новости" гуфт, мақомоти Эрон ба Русия иқдомотеро барои муқобила бо таҳримҳои Амрико ва ҳамкорӣ дар шароити кунунӣ пешниҳод кардаанд.
"Эрон бо такя ба таҷрибаи ғании худ, ки дар солҳои ахир таҳти таҳрим қарор гирифтааст, барои раҳоии Русия аз нуфузи амрикоиҳо ва кишварҳои ғайридӯст чораҳои зарурӣ андешид", - гуфт ӯ.
Каримӣ дар бораи дурнамои муомилоти тиҷоратии байни мамлакатҳо бо пули миллӣ сухан ронд.
"Ҳам тавофуқҳо вуҷуд доранд ва ҳам имконот низ. Эрон танҳо мехоҳад бо истифода аз онҳо амалиёти тиҷорӣ бо рубл ва риёл анҷом диҳад", - гуфт ӯ.
Кишварҳои ғарбӣ беш аз 40 сол қабл дар муқобили Теҳрон маҳдудият ҷорӣ карда буданд ва дар ин муддат ҷумҳурӣ ба тавлиди моли худ дар тамоми бахшҳои иқтисод тамоюли дигар гирифтааст.
Ҳамзамон Эрон дар тиҷорати байналмилалӣ ширкат карда, бо кишварҳои Осиё, бахусус бо Чин ҳамкорӣ мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.