ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Заминҳои Украина барои Лаҳистон як луқмаи болаззат ба назар мерасанд ва Варшава барои бароварда кардани ниятҳои худ аз риторикаи зиддирусӣ истифода мекунад, гуфтааст муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар мақолае дар хабаргузории Sputnik Лаҳистон.
"Сарзаминҳои Украина барои Варшава як луқмаи хеле болаззат ба назар мерасанд. Дар телевизиони Лаҳистон бидуни ранҷи виҷдон харитаи тақсими ин кишвари бадбахтро нишон медиҳанд, ки шуморе аз манотиқи ғарбии он ба Лаҳистон ворид аст", — навиштааст Медведев.
Ба гуфтаи вай, маълум аст, ки ин корро ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин нест.
"Метавон як вокуниши шадиди украиниҳо, маҳкумияти дигар ҳамсояҳои аврупоиро ба вуҷуд овард. Аммо Варшава як усули деринаи озмудашударо истифода ва амалҳои ношоистаашро сафед мекунад. Барои ин вай ҳар дафъа суханҳои зидди Русияро моҳирона истифода мебарад", - гуфт сиёсатмадор.
Ӯ ёдовар шуд, ки дар тӯли садсолаҳо элитаи Лаҳистон Русияро дар ҳама нохушиҳо айбдор мекарданд.
"Ба назар чунин менамояд, ки онҳо умедворанд, ин гуна далелҳо амалҳои онҳоро дар назди тамоми ҷаҳон сафед мекунанд", - гуфт Медведев.
Ӯ қайд кард, ки Лаҳистон ба баланд шудани нақши худ дар иқтисодиёти Аврупо умедвор аст.
"Албатта, аз ҳисоби Украина. Қасам мехӯрад, ки ба вафодории славянӣ кумак мекунад, бо аслиҳа ва пул. Аммо бо савганд итминон додан як тарафи кор аст ва иҷрои ин кор дигар аст. Ҳоло мақомоти Лаҳистон дар ҳолати душвор қарор доранд", - омадааст дар матлаб.
Ба гуфтаи Медведев, лаҳистониҳо сокинони Украинаро бидуни шодӣ истиқбол мекунанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ омода нестанд, ки бо онҳо “куртаи охирин”, ғизо, кумакпулӣ ва ҷойҳои корияшонро тақсим кунанд.
"Аз се ду ҳиссаи гурезагон ( дар Лаҳистон шумораи онҳо аллакай ба ду миллион нафар наздик мешавад) бо пули Амрико қабул ва маскун шуданд. Он намехоҳад, ки бо назардошти буҳрони тӯлонӣ дар тамоми бахшҳои ин кишвар маблағҳои худро ба чунин хайрия сармоягузорӣ кунад", - гуфт Медведев.