Дар Ӯзбекистон ба табибон пӯшидани ҳиҷоб иҷозат дода шуд

Вазири тандурустии Ӯзбекистон мамнуияти мавҷудаи пӯшидани либоси мазҳабӣ аз ҷониби кормандони соҳаи тибро лағв кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ба табибони ӯзбек иҷозаи пӯшидани ҳиҷоб дода шуд. Фармонро вазири тандурустии ҷумҳурӣ имзо кардааст, гуфт Расул Қушрбоев, муовини раиси палатаи қонунгузори парлумони Ӯзбекистон.
Беҳзод Мусоев, вазири тандурустии ин кишвар бо фармони худ мамнуияти пӯшидани ҳиҷоб ва “дигар либосҳои мазҳабӣ”-ро аз ҷониби табибон, ки дар фармони Вазорати тандурустии Ӯзбекистон аз 20 январи соли 2016 пешбинӣ шудааст, лағв кард, менависад Sputnik Ӯзбекистон.
Чуноне вакил таъкид кард, конунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ҳуқуқи шаҳрвандонро ба пӯшидани либоси динӣ маҳдуд намекунад.
Ёдрас менамоем, ки моҳи сентябри соли 2021 Вазорати маорифи Ӯзбекистон низ пӯшидани ҳиҷобро барои духтарон дар мактаб иҷозат дод.
Ин тасмим дар робита ба дархостҳои сершумори волидони шуморе аз донишҷӯён гирифта шуд.
То моҳи июли соли гузашта, дар ин кишвар пӯшидани ҳиҷоб ва дигар либосҳои мазҳабӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда шуда буд.
Аввали моҳи июли соли 2021 президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ"-ро дар таҳрири нав имзо кард.
Ин санад, аз ҷумла манъи пӯшидани ҳиҷоб ва дигар либосҳои мазҳабиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бекор мекунад.