ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии S7 парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро аз сар мегирад, хабар медиҳад "sakhapress.ru".
Иҷрои парвозҳо аз моҳи апрел оғоз мешавад.
Ҳамин тариқ, аз 3 апрел парвози ҳамарӯза Маскав – Хуҷанд – Маскав аз сар гирифта мешавад.
Аз 4 апрел боз парвоз дар хатсайри Новосибирск - Душанбе - Новосибирск оғоз мешавад, ки ҳафтае ду бор, рӯзҳои душанбе ва чоршанбе сурат мегирад.
Аз 5 апрел инчунин аз Новосибирск ба Бохтар ва баръакс хатти парвоз боз мешавад. Ширкати ҳавопаймоӣ ба нақша гирифтааст, ки ҳафтае ду парвоз - рӯзҳои сешанбе ва чоршанбе анҷом диҳад.
Аз 7 апрел, рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе парвоз дар масири ҳавоии Новосибирск - Хуҷанд - Новосибирск оғоз мешавад.
Илова бар ин маълум аст, ки S7 парвозҳои ҳамарӯза ба Қирғизистонро аз 3 апрел барқарор мекунад. Парвозҳо аз Новосибирск ва Маскав ба шаҳрҳои Ошу Бишкек сурат мегиранд.
Ёдовар мешавем, қаблан Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон эълон карда буд, ки ширкатҳои ҳавопаймоиро барои боло бурдани қимати парвозҳо муҷозот хоҳанд кард.
Онҳо ҳушдор доданд, ки дар сурати боз ҳам боло рафтани қиматҳо, ширкатҳои ҳавопаймоиро аз ҳаққи парвоз ба Русия ва бозгашт маҳрум мекунанд.
Дар моҳи феврали соли 2022 арзиши чиптаҳои ҳавопаймо ба Федератсияи Русия дар кишвар якбора боло рафт. Нархи ҳадди ақали парвоз 5000 сомонӣ (380 доллар) буд.