Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия дар Украина 18 ҳавопаймои бесарнишинро нобуд кард: видео

Дар торнамои Вазорати дифои Русия видеоҳои таҷҳизоти низомии миллатгароёни украинӣ, ки дар тӯли 24 соати охир нобуд карда шуданд, ҷо дода шудаанд. Дар онҳо як "Байрактар ​​ТБ2" дида мешавад
Sputnik
Дар шабонарӯзи гузашта нерӯҳои Русия ҳудуди 60 миллатгарои украинӣ, 2 танк, 4 мошини ҷангӣ, 9 мошини дигари низомиро нобуд карданд.
Сухангӯи Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков гуфт, дар як рӯзи гузашта нерӯҳои ҳавоӣ ва дифои ҳавоии Русия 18 ҳавопаймои низомии Украина, аз ҷумла як "Байрактар ​​ТБ2"-ро сарнагун карданд.
Инчунин маълум аст, ки дар як қатор манотиқи аҳолинишин базаҳои сӯзишворию рӯғанҳои молиданӣ, ки техникаи қувваҳои Украинаро бо сузишворӣ таъмин мекарданд, нобуд карда шудаанд.
Илова бар ин ҳавопаймоҳои оперативӣ-тактикӣ, низомӣ ва бесарнишини Русия ба 136 зерсохти низомии Украина, аз ҷумла 7 нуқтаи фармондеҳӣ ва маркази алоқа, 4 системаи мушакии зиддиҳавоӣ, 3 мушакандоз, 4 истгоҳи иктишофӣ, мушаки зенитӣ, комплекси С-300, 4 анбори лавозимоти ҳарбӣ ва 72 ҷои ҷамъ кардани техникаи ҳарбиро нобуд кардаанд.
Қаблан Вазорати дифоъ хабар дода буд, ки дар ҷараёни амалиёти вижаи низомии Русия дар 4 шаҳри Украина пойгоҳҳои бузурги маводи сӯхт тавассути мушакҳои болдори дақиқ нобуд карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Шойгу гуфт, вазифаҳои асосии амалиёти вижа иҷро шуд
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина як рӯз пеш дар Туркия баргузор шуд.
Шойгу аз даъвати баҳорӣ гуфт: Наваскарон ба маконҳои даргирӣ фиристода намешаванд - видео
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.