Осетияи Ҷанубӣ метавонад бахше аз Русия шавад

Раисҷумҳури ин кишвар гуфт, ки ҷумҳурӣ мехоҳад ба Ватани таърихии худ баргардад, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии стратегии давлат аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Осетияи Ҷанубӣ барои пайвастан ба Русия иқдомоти қонунӣ хоҳад кард. Ҷумҳурӣ ният дорад, ки ин тартиботро дар ояндаи наздик ба амал барорад.
Дар ин бора сарвари давлат Анатолий Бибилов хабар дод. Изҳороти ӯро хадамоти матбуоти Ҳизби "Русияи воҳид" иқтибос овардааст.

"Ман бовар дорам, ки муттаҳид шудан бо Федератсияи Русия ҳадафи стратегии мост. Роҳи мо, ормонҳои мардум. Мо бо ин роҳ ҳаракат хоҳем кард. Дар ояндаи наздик қадамҳои қонунии дахлдор хоҳем гузошт. Ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ ҷузъи Ватани таърихии худ — Русия хоҳад буд", — қайд кард ӯ.

Ба гуфтаи раисҷумҳури кишвар, мардуми осетин аз ҳам ҷудо шудаанд ва ҳадафи таърихиву стратегии онҳо “муттаҳидшавӣ дар чаҳорчӯби як давлат” аст.
"Ин давлат Федератсияи Русия аст",- таъкид кард Бибилов.
Сарвари ҷумҳурӣ ёдовар шуд, ки аҳолии Осетияи Ҷанубӣ борҳо ин мақсадро нишон дода буд.
Роҳбари ҶМЛ: Имкон ташкили райпурсӣ барои пайвастани ҷумҳурӣ ба ҳайати Русия вуҷуд дорад
"Мо имкон доштем, ки орзуи чандинасраи худро дар соли 2014, вақте ки Қрим ба зодгоҳаш баргашт, амалӣ созем. Мо он вақт фурсати худро аз даст додем, аммо наметавонем иҷоза дод, ки ин дубора такрор шавад", - гуфт Бибилов.
Дар навбати худ Андрей Климов, муовини раиси кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба корҳои байналмилалӣ қайд кард, ки барои оғози расмиёти пайвастани Осетияи Ҷанубӣ ба Федератсияи Русия ҳеҷ монеаи ҳуқуқӣ вуҷуд надорад.
Омили асосӣ иродаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳад буд, афзуд ӯ. Аз тасмими Бибилов раисҷумҳурии ҶМД Денис Пушилин пуштибонӣ кард.