Лукашенко аз Русия даъват кард, ки корхонаҳои муштарак таъсис диҳанд

Кишвардори Беларус пешниҳод намуд, ки кишвараш бо Русия бояд корхонаҳои муштарак таъсис диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфт, Минск ва Маскав бояд дар таъсиси корхонаҳои муштарак фаъолтар бошанд ва таъкид кард, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ худ аз худ кишварҳоро ба сатҳи равобити иттифоқӣ, ки бояд миёни онҳо вуҷуд дошта бошад, мерасонанд.
"Самти махсусе, ки мо пайваста бо раисҷумҳури Русия таъкид мекунем, ин таъсиси фаъоли корхонаҳои муштарак аст. Дар ин ҷо ва махсусан дар минтақаи Шумо, дар соҳаҳои мошинсозӣ, кишоварзӣ, илму техника", - гуфт Лукашенко дар суҳбат бо губернатори вилояти Пензаи Русия Олег Мелниченко.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лукашенко: Русия мехоҳад, Украина кишваре чун Беларус шавад
Ба гуфтаи Лукашка, ӯ ва ҳамтои русаш Владимир Путин ба мувофиқа расидаанд, ки ҷонибҳо аз зарфият ва таҳаввулоти ҳамдигар дар бахшҳои муайян истифода кунанд.

"Мо бояд корхонаҳои муштарак бунёд кунем. Он гоҳ дар бораи кадом як давлати ягона, пули ягона ва ғайра гапи зиёд намешавад. Иқтисод моро ба он сатҳ мерасонад", - гуфт роҳбари Беларус.

Ба таъкиди Лукашенко, маҳз иқтисод пояи ҳама гуна равобит аст ва дар ин самт бояд корҳои зиёде анҷом дод.