Александр Лукашенко дар Қасри истиқлол зимни мулоқот бо волии вилояти Пензаи Русия Олег Мелниченко гуфт, ки Беларус ва Русия якдигарро метавонанд танҳо худашон наҷот диҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, ин мулоқот дар як замони мушкил ҷараён дорад, аммо он имкони бузург фароҳам меорад. "Кишварҳои мо ин давраро аз cap гузаронда, бояд дарк кунанд, ки дар оянда бояд чӣ гуна пешрафт кунем", - афзуд раисҷумҳури Беларус.
"Фикр мекунам, ки чанд моҳи ахир, шояд як ё яку ним сол моро ба таври ҷиддӣ бедор кард. Дарк кардем, ки танҳо худи мо метавонем худро наҷоту диҳему муҳофизат кунем. Мо ба ҳеҷ кас лозим нестем", - изҳор дошт Александр Лукашенко.
Баъд аз ин ӯ қайд кард, ки дар Беларус инро қаблан фаҳмида буданд ва ҳоло Русия низ инро дарк кардааст. Акнун бояд имкониятҳо ва ин лаҳзаро аз даст надиҳанд.
Раҳбари Беларус ёдовар шуд, ки таҳримҳо алайҳи Русия қаблан бар зидди Беларус аз сӯйи кишварҳои ғарбӣ, ки шарик номида мешуданд, ҷорӣ карда шуда буданд.
"Инҳо шарикон ҳастанд. Аммо имрӯз касе ба ин шубҳа намекунад, ки мо на танҳо зинда мемонем, балки мисли мурғи “феникс” аз нав аз хокистар эҳё мешавем. Мо дар таърих ин корро чандин бор анҷом дода будем. Мо намехостем, аммо моро дар чунин шароит қарор доданд”, - таъкид кард Александр Лукашенко.
Ҳар имконе доштем, ба назар гирифт
Роҳбари давлат таваҷҷуҳи худро ба он ҷалб кард, ки вилояти Пенза дар ҳамкориҳои минтақаии ду кишвар мақоми хоса дорад. Сармоягузорӣ ва савдо самти асосии ҳамкорӣ мебошад.
"Ман дигар соҳаҳоро истисно намекунам. Ман дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра ҳарф намезанам. Худ аз худ маълум аст. Мо халқе ҳастем, ки аз як решаем, комилан ба ҳамдигар шабоҳат дорем", - қайд кард Лукашенко.
Александр Лукашенко гуфт, соли гузашта гардиши мол бо ин минтақаи Русия ҳудуди 100 миллион долларро ташкил додааст. "Он чизеро, ки мо тавонистем, ба назар гирифтем. Табиист, ки ин бештар аст", - гуфт ӯ.
Роҳбари Беларус ба волии Пенза дар бораи технологияҳои пешқадаме, ки ин ҷумҳурӣ дар хоҷагии қишлоқ дорад, муаррифӣ кард. Белорусия омодааст, ки таҷрибаи худро дар ин самт истифода намояд.