Хатлон соҳиби 15 мошини ёрии таъҷилӣ шуд

Қаблан шаҳру навоҳии ин вилоят аз набудани мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба мушкил рӯ ба рӯ мешуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар як моҳи охир 15 адад мошини ёрии таъҷилӣ дастрас шуд.
Дар ин бора "Фараж" аз қавли сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, Шарифзода Шайдулло хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, мошинҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ дода шуданд.
Гуфта мешавад, барои расонидани ёрии аввалия ба сокинони ин вилоят, ирсоли боз чанд мошини дигар дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Бохтар афзудааст, ки солҳои пеш чунин мошинҳо камчин буданд ва имкони ба мардум расаондани кумаки аввалияи тиббӣ ниҳоят мушкил буд.
Соли гузашта, ба шаҳри Бохтар ду мошини ёрии таъҷилӣ дастрас шуд ва соли равон низ Вазорати тандурустӣ ваъда додааст, ки чанд мошини дигарро ба бохтар интиқол медиҳанд.
Бонки Ҷаҳонӣ барои вокуниш ба коронавирус ба Тоҷикистон 25 млн. доллар медиҳад
Бо дастрас кардани чанд мошини дигар мушкили сокинон бартараф мешавад.
Ёдовар мешавем, қаблан Русия ба Тоҷикистон даҳ мошини ёри таъҷилӣ, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазанд, тақдим карда буд.
Ҳамчунин дар доираи муборизаи муштарак бар зидди коронавирус Русия ба Тоҷикистон системаҳои ташхиси ройгон, инчунин 50,000 вояи ваксинаи "Sputnik V" ҳадя карда буд.
Аз оғози ҳамагирӣ "Роспотребнадзор" ба ҷумҳурӣ шаш ҳайати коршиносон фиристод, то дар мубориза бо COVID-19 кумак кунанд.