Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

ҶМД ваъда дод, ки зархаридони хориҷиро ба суд мекашад

Намояндаи ҶМД таъкид кард, ки бо зархаридон ҳамчун асирони ҳарбӣ муносибат намекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Зархаридони хориҷие, ки дар ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва баталонҳои миллатгаро дар қаламрави Ҷумҳурии Мардумии Донетск меҷанганд, ба додгоҳ кашида хоҳанд шуд.
Дар ин бора ба РИА "Новости" намояндаи милитсияи мардумии ҶМД Эдуард Басурин хабар дод.

"Бо онҳо чун асирони ҷангӣ муомила карда намешавад. Онҳо боздошт ва ба додгоҳ кашида мешаванд",- гуфт Басурин.

Қаблан Вазорати дифои Русия аз тахриби пойгоҳи омӯзишии зархаридон дар Украина хабар дода буд. Зарбаҳои дақиқ бо ёрии системаи мушакии оперативӣ-тактикии "Искандар" (КТРК) анҷом дода шуданд.
Баъдан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфт, ки тайи ду ҳафтаи ахир дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар Украина беш аз 500 зархариди хориҷӣ кишварро тарк карда, ҳудуди 600 нафари онҳо нобуд карда шудаанд.
Ба гуфтаи низомиёни Русия, дар қаламрави Украина 6595 зархарид ва террорист аз 62 давлат меҷанганд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Хумпораи Украина бинои истиқоматӣ дар Донетскро хароб кард
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.