Ҷангу ғубор ва тормеғ: пешгӯии дақиқи обуҳавои Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳавоми камабри бебориш пегӯӣ мешавад, аммо дар баъзе манотиқ чангу ғубор ва тормеғ мефарояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии кишвар мегӯяд, дар ВМКБ ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар ғарби вилоят ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 7+17 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро бошад, ҳавои камабри бебориш интизор буда, аммо дар баъзе ноҳияҳои минтақа чангу ғубор боқӣ мемонад.
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш дар назар буда, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9, рӯзна 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Душанберо ҳавои камабри бебориш фаро гирифта, шабона 5+7 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.