Ҳушдори Сандуқи байналмилалии пул дар бораи заифшавии доллар

Намояндаи Сандуқи Байналмилалии Пул эълон кардааст, ки бинобар таҳримҳо алайҳи Русия таъсири доллар метавонад заиф шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Гита Гопинат, муовини аввали мудири Сандуқи Байналмилалии Пул (СБА) дар мусоҳиба бо нашрияи "Financial Times" гуфтааст, ки имкон дорад, таъсири доллар дар ҷаҳон ба далели таҳримҳо алайҳи Русия заиф шавад.
"Доллар ҳатто дар шароити кунунӣ як пули ҷаҳонӣ боқӣ мемонад, аммо гардиш дар сатҳи поёнтар комилан имконпазир аст", - гуфт коршинос.
Ба гуфтаи вай, ин раванд аллакай оғоз шудааст.

“Афзоиши харидуфурӯш бо пулҳои дигар дар савдои ҷаҳонӣ боиси тағйири захираҳои миллии бонкҳои марказӣ мегардад. Бо вуҷуди ин заифшавии доллар тадриҷан сурат хоҳад гирифт, дар давраи миёнамуҳлат пули ИМА дар талабот бештар хоҳад буд”, - гуфт Гопинат.

Гопинат инчунин ба таҳкими асъорҳои рақамӣ ва криптоасъор таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки масъалаи танзими байналмилалиро ба миён меорад.
Дар Чин ба нишонаҳои оғози суқути доллар ишора карданд
Ёдовар мешавем, ки кишварҳои Ғарб ба далели амалиёти вижа барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина бар зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ карданд. Онҳо асосан ба бахши бонкӣ ва маҳсулоти технологӣ таъсир расониданд. Брендҳои бузурги ҷаҳонӣ эълон доштанд, ки фаъолияташонро дар Русия манъ мекунанд.
Дар посух президенти Русия Владимир Путин ба Бонки марказӣ, "Газпром" ва ҳукумат дастур дод, ки фурӯши гази табииро ба кишварҳои ғайридӯст, аз ҷумла Иттиҳодияи Аврупо бо рубл роҳандозӣ намоянд.