Амирабдуллоҳиён: Афғонистон ба ташкили давлати фарогири миллӣ ниёзманд аст

Вазири умури хориҷии Эрон дар сеюмин нишасти ҳамсоягони Афғонистон дар шаҳри Тунсии Чин эҷоди як механизми дохилиминтақаиро барои ташкили давлати фарогири миллӣ дар Афғонистон зарурӣ донист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷии Эрон дар ин нишаст гуфт, решаи мушкилоти Афғонистонро метавон дар ишғоли тӯлонии ин кишвар ва сиёсатҳои ғалати ишғолгарону Амрико донист, иттилоъ додааст хабаргузории "Форс".
Амирабдуллоҳиён афзуд, ишғоли солҳои тӯлонии Афғонистон на танҳо кумаке ба тавсеаи он накард, балки навъе аз вобастагиро ба вуҷуд оварад.
Вай гуфт, ин вобастагӣ муҷиб шуд, бо ақибнишинии ишғолгарон сохторҳои сиёсӣ ва иқтисодии он фурӯ бирезад ва монанди ҳамеша мардуми мазлуми Афғонистон бузургтарин бозанда ва қурбонии ин вазъият бошанд.
Даргирии 20-соата: Ҷабҳаи муқовимат фармондеҳи толибонро аз байн бурд
Амирабдуллоҳиён пешниҳод кард, як созукори амниятии мушаххасе дар қолаби созмонҳои мавҷуд ё бо мавҷудияте мустақил барои ҳамоҳангсозии сиёсати зиддитеррористии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон эҷод шавад, то иқдомоти ҷамъии кишварҳо ва табодули иттилоот дар ин заминаро тасҳил ва мудирият кунад.
Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт, ташкили сандуқии молӣ бо ҳадафи ҳимоят аз мардуми Афғонистон ба мувозоти ташкили давлати фарогири миллӣ як зарурат аст.
Дар сеюмин нишасти ҳамсоягони Афғонистон вазирони умури хориҷӣ ва мақомоти Эрон, Покистон, Чин, Туркманистон, Ӯзбекистон, Русия, Тоҷикистон ва Қатар ширкат доштанд.