ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба созишнома бо Ҳукумати Ӯзбекистон дар мавриди мусофирати мутақобиларо ба тасвиб расонд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар додааст. Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон моҳи июни соли 2021 дар ҳузури сарони давлатҳо, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Душанбе имзо шуда буд.
Равшан Раҷабзода, вакили Маҷлиси намояндагон ахиран дар шарҳи тағйирот ба созишнома гуфт, солҳои охир шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ӯзбекистон сафар менамоянд, афзоиш ёфтааст.
Ӯ афзуд, баъзан шаҳрвандон дар масъалаи бақайдгирӣ бинобар камии муҳлат дучори мушкил мешаванд ва аз ин лиҳоз тағйирот ба созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ворид карда шуд.
Бар асоси ин тағйирот, мусофирон аз ду кишвар аз сабти иқомат тайи 10 рӯз озоданд.
"Шаҳрвандони тарафҳо аз уҳдадории қайди иқомати муваққатӣ дар мақомоти салоҳиятдори давлати мизбон ба муҳлати 10 рӯзи корӣ аз лаҳзаи гузаштан аз сарҳади давлатӣ озод мешаванд", - таъкид намуд вакил.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Тоҷикистону Ӯзбекистон маҳдудиятҳои марбути коронавирус зимни омадурафти шаҳрвандонро бекор карданд.
Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон низ қаблан эълон карда буд, ки фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон аз 15 март ба реҷаи муқаррарӣ бармегардад. Аз ҷумла таъкид шуда буд, ки шаҳрвандон метавонанд танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома дар бораи ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ омадурафт кунанд.
Таъкид шудааст, ки гувоҳнома дар бораи ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ИДМ ба шаҳрвандон баъди гузаштан аз ваксинатсия пешниҳод карда мешавад, расман эътироф мегардад.