ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат, ки рӯзи 30 март баргузор гардид, ба масъулин супориш дод, ки дар моҳи шарифи Рамазон шаҳрвандонро бо маводи ниёзи аввал таъмин намоянд.
Роҳбари давлат аз ҷумла гуфт, ки барои ғанӣ гардондни бозори истеъмолӣ аз ҳама имкониятҳо бояд истифода бурда шавад.
Дар Тоҷикистон таърихи дақиқи оғози моҳи шарифи кулли мусалмонон - Рамазонро муайян карданд. Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо мушаххас шуд, ки имсол ин рӯз ба 2 апрел рост меояд.
Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфт, бар асоси маълумоти илмӣ ва бар асоси бозёфтҳои Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон, имсол моҳи Рамазон дар кишвар дар рӯзи шанбеи оянда фаро мерасад.
Абдуқодирзода афзуд, тибқи ҳисоби исломӣ, нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки 875 сомонӣ аз он закот дода мешавад.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.
Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.