ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Роҳбари СҶБ Тедрос Адҳаном Гебрейесус гуфт, ки COVID-19 "комилан" охирин пандемия нахоҳад буд.
Ӯ гуфт, эҳтимоли сар задани маризиҳои нав вуҷуд дорад ва миқёси талафот аз бемориҳои нав аз он вобаста аст, ки одамон дарси пандемияи кунуниро чӣ гуна меомӯзанд.
"Мутлақо мутмаинам, ки COVID-19 охирин пандемия нахоҳад буд. Аммо эҳтимоли рух додани бемории нав мавҷуд аст. Мо бояд дарси ин пандемияро омӯзем", - гуфт роҳбари СҶБ.
Зарур аст, ки тавлиди ваксина, хусусан дар мамлакатҳое, ки даромади миёна ва паст доранд, зиёд карда шавад.
Илова бар ин зарурати сармоягузорӣ дар соҳаи тандурустии аҳолӣ, махсусан кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ барои ошкор кардани бемориҳо ва пешгирии онҳо, таҳкими сохтори глобалии пешгирӣ ва вокуниш ба пандемия вуҷуд дорад.
Тавре ки ӯ қайд кард, аз COVID-19 зиёда аз 6 миллион нафар фавтиданд, системаҳои тандурустӣ хароб шуданд.
"Бори аввал дар ин аср афзоиши шумораи одамонеро, ки зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд, мушоҳида кардем", - гуйфт ӯ.