ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар шаҳри Анталияи Туркия мусобиқа аз намуди куштии ҷудо - "Antalya Grand Slam 2022" баргузор мешавад.
Ин сабқат аз 1 то 3 апрел бо ширкати 535 варзишкор (319 мард, 216 зан) аз 65 давлати дунё гузаронида мешавад, хабар медиҳад Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Тоҷикистонро дар ин сабқати бонуфуз ҳашт паҳлавон намояндагӣ мекунанд:
-60кг – Меҳрзод Суфиев;
-66кг – Абубакр Шеров;
-66кг – Шаҳбоз Саидаброров;
-73кг – Сомон Маҳмадбеков;
-90кг – Комроншоҳ Устопириён;
-90кг – Ҷаҳонгир Маҷидов;
-100кг – Абубакри Акобир;
+100кг – Темур Раҳимов;
Гуфта мешавад, ки қувваозмоиҳо, тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар ҳафт вазн миёни мардҳо ва ҳафт вазн миёни бонувон сурат мегиранд.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизаи пулӣ низ қадрдонӣ мегарданд – барои ҷои аввал 5000 евро, барои ҷои дуюм 3000 евро ва барои ҷои сеюм 1500 евро.
Ёдовар мешавем, ки паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи "Tel Aviv Grand Slam 2022", ки 17-19 феврали соли 2022 дар пойтахти Исроил баргузор шуда буд, медали биринҷӣ ба даст овард.
Ҳамчунин паҳлавони шинохтаи кишвар Комроншоҳи Устопириён дар аввалин мусобиқаи дзюдои соли 2022 – "Grand Prix Portugal 2022" сазовори медали биринҷӣ шуда буд.