ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар рӯзи шашуми баргузории Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ сабқатҳои кушоди Тоҷикистон байни устодон ва ҳаваскорон таҳти номи "Tajikistan Challenge Masters and Amateurs" дар панҷ категорияи синнусолӣ баргузор гардид.
Ба иттилои сомонаи "Варзиш", дар байни сабқатҳо миёни устодони синнашон 40-49-сола намояндаи Тоҷикистон Александр Игонин сазовори медали тило гардид. Дар ин сабқат медали нуқраро низ варзишгари тоҷик Баҳриддин Азамутдинов ба гардан овехт.
Зимнан дар охирин категорияи синнусолӣ миёни устодони 50-59-сола низ намояндаи Тоҷикистон Ринат Батиршин созовори медали тило гардид.
Манбаъ меафзояд, дар сабқатҳо миёни варзишгарони касбӣ ва устодон аз синни 19 то 34-сола, ки масофаи 111 км-ро дар бар гирифт, намояндаи кишвари Ӯзбекистон унвони қаҳрамонӣ ба даст овард.
Дар сабқатҳо миёни устодони синнашон 35-39 намояндаи кишвари Имороти Муттаҳидаи Арабӣ нахустин шуда, ба марра расид.
Ёдовар мешавем, беш аз 400 варзишгар аз қариб 30 давлати ҷаҳон барои унвони қаҳрамони Осиё дар риштаи дучархаронӣ дар Тоҷикистон сабқат карданд. Аксари ҷойҳои ифтихориро варзишгарони Қирғизистону Ӯзбекистон соҳиб шуданд.
Бинобар баргузор кардани чунин чорабинии васеъмиқёс давоми шаш рӯз роҳҳои мошингарди пойтахт масдуд буданд.