ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия вазъи кунунии Украинаро талоши Ғарб барои эҷоди Афғонистони дувум номид.
Дар ин бора вазир дар дидор бо Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, ҳамтои покистониаш дар Чин дар савумин нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон гуфт.
"Онҳое, ки мехостанд Афғонистонро ба маркази сиёсати ҷаҳонӣ табдил диҳанд, ҳоло кӯшиш мекунанд, ки Афғонистонро бо Украина иваз кунанд. Ва мо ҳама дарк мекунем, ки ин чӣ аст", - гуфт Лавров.
Ёдовар мешавем, Сергей Лавров бо як сафари дурӯза дар Чин қарор дорад ва дар ҷараёни он дар конфронси сеюми вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва "сегона"-и густурда барои Афғонистон (Русия, Чин, ИМА ва Покистон) ширкат хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол Чин низ дар ин конфронс дар бораи Украина изҳорот дод. Ван И, вазири умури хориҷии Чин зарур шумурд, ки аз буҳрони Украина сабақ гирифта, ба нигарониҳои қонунии амниятии ҳама ҷонибҳо вокуниш нишон дода шавад.
Ӯ қайд кард, ки барпо намудани системаи самарабахшу устувори амнияти Аврупо ниҳоят зарур аст.